20:00:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БАРРАСИИ "ТАРҲ"-И ЛӮЛАИ ОБ АЗ ТОҶИКИСТОН БА ЭРОН

Муовини раисиҷумҳури Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Душанбе гуфтугӯ анҷом дод.

/images/stories/2012/06/15_janobi-oli-15.06.2012.jpgЛутфулло Фурӯзанда , ноиби раисиҷумҳури Эрон, ки субҳи рӯзи 15-уми июн ба Тоҷикистон омадааст, бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Мақомоти Тоҷикистон аз қабл эълон карданд, ки ҷаноби Фурӯзанда бо хабарнигорон сӯҳбат нахоҳад кард ва ҳам дар бораи сафари худ ба Тоҷикистон ҷузъиёте нахоҳад дод.

Бо ин ҳол, дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Фурӯзанда бо Раҳмон "масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии ду кишвар, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон баррасӣ шуд."

Бино ба қавли ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо Лутфулло Фурӯзанда гуфтааст, "имкону захираҳо барои якчанд маротиба боло бурдани нишондодҳои табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон хеле зиёд аст."

Ҳамчунин гуфта мешавад,  Лутфулло Фурӯзанда паёми шахсии Маҳмуди Аҳмадинажодро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон овардааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи 16-уми сарони давлатҳои "Ҷунбиши адами тааҳҳуд" даъват шудааст. Ин нишаст, интизор меравад, рӯзҳои 30-31-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон, маркази Эрон, баргузор шавад.

Сафари ноиби раисҷумҳури  Эрон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар моҳи марти имсол Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Ҳамчунин, дар ин моҳ Маҳмуди Аҳмадинажод -- раисиҷумҳури Эрон бо ҳадафи ширкат дар ҷашнҳои наврӯзӣ ва Конфронси ҳамкориҳои минтақаӣ барои Афғонистон ба Тоҷикистон омад.

Ду ҳафта қабл дар Теҳрон нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон баргузор шуда буд, ки дар он ҷониби Эрон  эълон намуд, аз Тоҷикистон об хоҳад гирифт.

Зимнан, Эрон бо Тоҷикистон  равобити бистсола дорад. Дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият мекунад ва соли гузашта мизони табодули коло миёни ин ду кишвар 204 миллион долларро ташкил намуда буд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 17.06.2012 01:24
Дар он нафас, ки бимирам дар орзуӣ ту бошам
Ба он умед дихам ҷон, ки хоки куҳӣ ту бошам
Ба вакти субҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам
Ба ҷустуҷуи ту хезам ба гуфтугуи ту бошам
Ба мачмае, ки дароянд шоҳидони ду олам
Назар ба сӯй ту дорам, ғуломи руй ту бошам
Ба хобгохи Адам гар ҳазорсол биғусфам
Зи хоби окибат огаҳ, ба буи муй ту бошам
Ҳадиси рӯзи нагуям гули биҳишт наруям
Чамоли ҳӯр начуям давон ба сӯй ту бошам
Май-е биҳишт нанушам зи дасти соғии ризвон
Маро ба бода чи ҳоҷат, ки масти рӯй ту бошам
Дар он нафас, ки бимирам дар орзуӣ ту бошам
Ба он умед дихам ҷон, ки хоки куҳӣ ту бошам
Ҳадиси рӯзи нагуям, гули бихишт наруям
Чамоли ҳӯр наҷуям, давон ба суӣ ту бошам.

ғазали Саъди Шерози,

Навистагари ғазал

А. Назиров
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi