САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАРГИ ДУ МУҲОҶИР ХАБАР ДОД
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст, ки рӯзи якуми феврал Тоҳир Каримов, шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Удинсувои Русия кушта шуд.
Бино ба иттилоъи ниҳодҳои интизомии Русия дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва як шаҳрванди Русия боздошт шудааст. Бино ба гуфтаи масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон 30-юми январ дар ҳамин шаҳр ба далели беморӣ ҷони худро аз даст додааст. Аҷсоди ҳар ду шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳо ба ин кишвар мунтақил ёфтанд.
Би-Би-Си