03:11:04 01-уми Июни 2025 сол

РАШИД РАҲИМОВ АЗ ВАЗИФААШ ИСТЕЪФО ДОД

Рашид Раҳимов, собиқ бозигари “Помир”-и Душанбе, аз вазифаи сармураббии дастаи “Амкар”-и Перм истеъфо дод. Раҳбарони бошгоҳи “Перм” истеъфои Рашид Раҳимови 46-соларо пазируфтанд ва қарордод миёни ҳарду ҷониб лағв гардид.

/images/stories/2011/09/30_rashid-rahimov_30.9.2011.jpgМиодраг Божович, мутахассис аз Черногория, ки 20-уми апрели соли равон аз вазифаи сармураббии дастаи “Динамо”-и Маскав даст кашида буд, ба вазифаи сармураббии тими “Амкар” таъйин шуд.

Геннадий Шилов, президенти бошгоҳи футболи “Амкар”, дар бораи истеъфои Рашид Раҳимов гуфтааст: “Бо мақсади нигаҳ доштани даста дар премйер-лига, мо бо Рашид Раҳимов ба чунин хулоса омадем, ки қарордод пеш аз мӯҳлат лағв шавад. Бо Раҳимов барои он хайрухуш намудем, ки вазъ дар клуб беҳтар гардад. “

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854