01:55:57 01-уми Июни 2025 сол

ПИРӮЗИИ СЕ МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАР ДАВРИ АВВАЛИ САБҚАТИ ҶАҲОНӢ

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки дар шаҳри Боку ҷараён дорад, боз ду варзишгари тоҷик дар даври аввал пирӯзӣ ба даст оварданд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Диловаршоҳ Абдураҳмонов дар вазни то 81 кило дар раунди аввал бо бартарии комил бар рақибаш Стойман Дмитрови булғор дастболо шуд.

/images/stories/2011/09/30_varzish_30.9.2011.jpgКомилҷон Холиқов дар вазни то 69 кило муштзани Гана Норрис Томпсонро аз рӯи холҳо бо ҳисоби 22:13 шикаст дод. Ёдовар мешавам, ки дар рӯзи аввали мусобиқот Сафовиддин Юсуфӣ дар вазни то 52 кило бар Хай Ван Нгуйени вйетнамӣ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 12:9 ғолиб омада, ба даври баъдӣ роҳ ёфта буд. Вале Назир Пиракӣ дар вазни то 64 кило дар нахустин қувваозмоии худ аз Денис Беринчуки укроин мағлуб гашт.

Боз 5 муштзани тоҷик – Анвар Юнусов дар вазни то 56 кило, Мададӣ Нағзибеков дар вазни то 60 кило, Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кило, Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кило ва Фаррух Калонов дар вазни беш аз 91 кило дар даври муқаддамотӣ ширкат хоҳанд кард. Рӯзи 1-уми октябр Мададӣ Нағзибеков бо рақибаш Кобия Бридай, аз кишвари Барбадос ва Собирҷон Назаров бо намояндаи Доминика Ҷонуер Кастилло қувваозмоӣ мекунанд.

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854