06:19:04 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

УСТОД РАББОНӢ ДАР ЯК ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ КУШТА ШУД

Устод Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ва раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзили зисташ дар минтақаи Вазир Акбархони шаҳри Кобул ба шаҳодат расид.

/images/stories/2011/09/20_ustod-rabboni_20.9.2011.jpg

Тибқи иттилои хабаргузории «Форс» ду нафар худро аз фармондеҳони барҷастаи толибон  муаррифӣ намуда эътимоди Стонакзай-раиси дастгоҳи иҷроияи Шӯрои Олии сулҳро ба даст оварда вориди хонаи устод Раббонӣ мешаванд. Ин ду нафар, ки дар тан маводи тарканда доштаанд, худро дар назди устод Раббонӣ мунфаҷир месозанд, ки дар натиҷа профессор Раббонӣ ва боз чанд нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+4 #8 Guest 20.09.2011 22:32
Худо рахмат кунад устод Раббониро.Ва ба ахли байташ аз даргохи Худованд сабри чамил хохонам!
 
 
+2 #7 Guest 20.09.2011 22:28
БИЁ
Эхдо ба Бурхониддин Раббони
Ба суи колбади хонахо салом биё,
Ба остони садомурда чун калом биё.
Деворхо ба суи само лоба мекунанд,
Ки эй фариштаи рахмат , ба пардабом биё.
Ту бози давлати мо боиси шикор машав,
Зи бахри дом бигузар , аз фарози бом биё.
Гар аз шаходати кавме нишон хамепурси,
Ба пеши шохиди шабхо -махи тамом биё.
Аз он чи нону намак буду ишку имон буд,
Нишон чи металаби, дар суроги ном биё.
Чу чони зиндаю арвохи мо парешонанд,
Ба поси рух биё , ишкро давом биё .
Хазорхо афсус, ки устод Раббони , ки бози давлати кавми точик дар Афгонистон буд мавриди шикори душманони миллатамон карор ёфт. Ин андухи чуброннопазирро ба хамаи точикону форсизабонони дунё тассалият мегуям!
 
 
+1 #6 Guest 20.09.2011 22:28
Пас аз террори ночавонмардонаи шери Панчшер - Шох Масъуди шахид дар соли 2001, ки калбу чони мо точиконро такон дода буд, хабари шаходати устоди бузург- Бурхониддин Раббони бори дигар рухи моро мачрух гардонид. Устод Раббони низ мисли Шери Панчшер ва Мухаммад Довуди гаюру сарбаланд курбони дасисаи душманони кавми точик карор гирифт, ки аз шахомату чавонмардии онхо ба харос омада ва бо шеваи номардона амал мекунанд.
Дар ин лахзахо, ки устоди азиз Бурхониддин Рабонни дигар дар канори мо нестанд мисрахои устод Муъмин Каноат ба ёдам расид, ки дар соли 1992 дар нисбати устод Раббони эчод карда буд
 
 
+1 #5 Guest 20.09.2011 22:07
69. Ва ҳар кӣ аз Худову паёмбараш итоъат кунад, ҳамроҳ бо касоне хоҳад буд, ки Худо неъматашон додааст, чун анбиё ва сиддиқон ва шаҳидону солеҳон ва инҳо чӣ некӯ рафиқонанд!
19.Касоне, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд, ростгӯёну росткоронанд. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Соҳиби подошу нури хешанд. Ва онҳо, ки кофиранд ва оёти Моро дурӯғ мешуморанд, дар ҷаҳаннаманд.
20.Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар амволу авлод монанди бороне ба вақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (ҳайрон кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва насиби гурӯҳе омурзиши Худо ва хушнудии ӯ. Ва зиндагии дунё ҷуз матоъе фиребанда нест.
 
 
0 #4 Guest 20.09.2011 21:47
Хар дам аз анчумани дахр балое дигар аст!
Содиконро аламу ранчу чафое дигар аст.



Рахмати Худованд бар равони покат устод.
 
 
0 #3 Guest 20.09.2011 21:09
инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун.иншоалл охарди шахид шуд ин бузургмарди миллати точик.
 
 
0 #2 Guest 20.09.2011 20:38
Худо Рахматаш кунад Устод Абдуллох Нури-ро !
 
 
0 #1 Guest 20.09.2011 20:36
Худо рахматаш кунад Бурхониддин Раббониро ва Ахмадшо Масъуд ва устоди Нуриро ! мучохидони рохи ХАККро !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi