16:40:03 02-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ МУҲИБУЛЛО ДОДОҶОНОВ

Субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, дар Душанбе Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари даcтгоҳи КМИР-и Тоҷикистон даргузашт.

Иллати марги Муҳибулло Додоҷонов сактаи қалбӣ унвон шудааст. Ӯ 59 сол умр дошт ва аз соли 2000 ба ин тараф раҳбари дастгоҳи иҷрояи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.

Дар давоми фаъолияти ёздаҳсолаи кории ҷаноби Додоҷонов дар ин маснад, ду интихоботи порлумонӣ ва як интихоботи раёсати ҷумҳур баргузор шуда буд. Оқои Додоҷонов аз ҷумлаи мақомоти давлатие буд, ки бо васоити эълом равобити ҳасана дошт.

Аз ин қабл дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ Кароматулло Холиқов, муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ даргузашта буд.

Маросими хоксупории Муҳибулло Додоҷонов имрӯз дар зодгоҳи ӯ деҳаи Қирғизони ноҳияи Ваҳдат баргузор гардид.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 20.09.2011 09:42
Мисли Наджибулло Додочонов инсони ватандуст мехнатдуст боимон гамхору мехрубон на танхо дар Точикистон балки дар чахон хеле камаст Худованд чояшро чаннат гардонаду ба оилаи онкас сабри чамил ато кунад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854