РОБИТАИ ПИНҲОНИИ ҲАМСАРИ САРҚОЗӢ БО ПИСАРИ ҚАЗЗОФӢ
Як ҷосуси рус, ки равобити наздике бо режими Қаззофӣ доштааст, аз вуҷуди робитаи бисёр наздик ва эҳсосии миёни яке аз писарони Қаззофӣ бо ҳамсари Сарқозӣ парда бардошт.
Тибқи хабаргузории «Форс» ба нақл аз пойгоҳи хабарии рӯзномаи русии «Аргумент недели», мусоҳибае аз як ҷосуси русиро ба чоп расонда, ки аз наздикони режими сарнагуншудаи Муаммар Қаззофӣ ба шумор меравад. Ин ҷосуси русӣ, дар бораи хуруҷи Қаззофӣ аз Тароблус гуфт, ки шабакаи густардае аз тунелҳои зеризаминии пойтахт, ки то соҳили баҳри Миёназамин кашида шудаанд ва марокиз ва дастгоҳҳои мухталифи давлатиро ба якдигар муртабит месозанд, муҷиби хуруҷ ва фирори Қаззофӣ ва писаронаш аз Тароблус шуданд.
Ӯ эътиқод дорад, ҳамон сарнавиште, ки Саддом Ҳусейн ва хонаводааш ба он дучор шуд, ҳамакнун дар интизори Қаззофӣ ва хонаводаи ӯст.
Ин ҷосуси русӣ таъкид мекунад, ки миёни хонаводаи Қаззофӣ ва Никола Сарқозӣ, президенти Фаронса ихтилофоти амиқе вуҷуд доштааст. Сарқозӣ ҳамакнун 50 миллион евро аз Қаззофӣ қарздор аст. Сакозӣ онро барои таъмини хазинаҳои таблиғотии интихоботиаш аз сарҳанг Қаззофӣ қарз гирифт буд.
Вай ҳамчунин аз вуҷуди робитаи наздик ва эҳсосии миёни яке аз писарони Қаззофӣ бо Карла Сарқозӣ, ҳамсари Сарқозӣ, парда бардошт. Ба гуфтаи ин манбаъ писари Қаззофӣ ба ҳамсари Сарқозӣ ҷавоҳироти султонии гаронқимматеро ҳадя кардааст.
«Рӯзгор»