16:55:16 02-уми Июни 2025 сол

САРҲАДБОНОНИ АФҒОНИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН ЯКҶОЯ ДАРС МЕХОНАНД

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон барои 15 марзбонони Тоҷикистон ва Афғонистон тренинг дар мавзӯи назорати сарҳадӣ ва иммигратсионӣ анҷом дод.

/images/stories/2011/09/14_granisa_14.9.2011.jpgТренинги мазкур аз тарафи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар чаҳорчӯбаи дастгирии иловагӣ ба Маркази омӯзиши сарҳадбонон дар шаҳри Хоруғ амалӣ шуда буд, ки аз тарафи Шуъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мешавад. Дар ин тренинг 10 афсари полиси марзбонии хадамоти миллии марзбонии Афғонистон ва 5 афсари Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон иштирок карданд.

Тренинг асосҳои амнияти сарҳадӣ, ҳамкории  байнисарҳадӣ, сиёсати судури раводид,   фош кардани санадҳои қалбакӣ, мубориза зидди қочоқи инсон ва терроризмро дар бар гирифта буд. Шаҳодатномаҳои хатми тренинг ба иштироккунандагон рӯзи 29 августи соли ҷорӣ дар маросими пӯшидашавии тренинг супурда шуд.

Яке аз марзбонони афғон – иштироккунандаи тренинг зикр кард, ки чунин тренингҳо, махсусан табодули таҷриба бо ҷонибҳои Тоҷикистон ба истифодаи таҷрибаи беҳтарин дар тақвияти фаъолияти оянда хеле муфиданд.

Шуъбаи оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА аз соли 2003 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854