09:56:15 04-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК ТОҶИК ДАР НАЗДИКИИ МАСҶИДИ МАСКАВ

Дар наздикии масҷиди кӯчаи Виползовийи шаҳри Маскав як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротӣ боздошт кардаанд.

Бино ба хабарҳо, ҳанӯз рӯзи 31 август касе дар ин масҷиде, ки ахиран аз сӯи мақомот тахриб шуд, шабномаҳои Ҳизби Таҳрирро паҳн кардааст. Тоҷики боздоштшуда ба узвият дар Ҳизби Таҳрир гумонбар мешавад.

Фаъолияти ин ҳизби мазҳабӣ, ки барои таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад, дар Русия ва аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон манъ шудааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854