ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 9 сентябр, дар куллия манотиқи Тоҷикистон аз 20-умин солрӯзи истиқлоли кишвар таҷлил мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо як суханронии кӯтоҳ сокинони кишварро ба ин ҷашни муқаддас табрик гуфт. Пас аз он гузашти низомӣ ё паради ҳарбӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душабе шурӯъ шуд, ки дар он сарбозону донишҷӯёни Коллеҷи низомӣ, Вазорати умури дохила ва гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон иштирок карданд.
Ҳамчунин дар ин гузашти низомӣ наздики 500 сарбозу афсари нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла нерӯҳои артиши Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Русия ва Фаронса ҳузур доштанд. Бино ба хабарҳо ҳудуди 150 нерӯи артиши Эрон шоми рӯзи 8 сентябр ба Тоҷикистон омадаанд. Дар пайи ин гузашти низомӣ 6 чархбол - ду чархболи Ми-8 ва 4 чархболи Ми-24, инчунин, се ҳавопаймои Л-39, ду ҳавопаймои Ту-95 ва як Ан-24 ба парвоз омаданд.
Парчами 2011-метрӣ, ки 860 кило вазн дорад ва онро тақрибан 3 ҳазор нафар боло бардошта буданд, низ ба мазҳари ом гузошта шуд. Матои ин парчамро масъулони шаҳрдории Душанбе аз Бишкек харидорӣ ва корхонаи “Тоҷиктекстил”-и пойтахт онро дӯхтааст. Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, барои ворид кардани ин парчами дарозтарин ба Китоби рекордҳои Гиннес муроҷиат кардаанд ва ҳанӯз мунтазири посух нишастаанд. Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ баландтарин бурҷи парчам, ки 165 метр дорад ва дар маркази шаҳри Душанбе насб шудааст, ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд.
Илова ба ин, ҳазорон донишҷӯ, муҳассилини макотиби миёнаи Тоҷикистон, кормандони идораҳои мухталифи кишвар ва варзишгарон низ аз майдони "Дӯстӣ"-и пойтахт гузаштанд. Ҳамаи онҳо чанд моҳ қабл аз фарорасии замони таҷлил аз 20 соли истиқлол омодагӣ медиданд. Тоҷикистон 9 cентябри соли 1991 худро кишвари мустақил эълон кард. Эъломияи истиқлол дар ҳоле садо дод, ки даҳ рӯз пеш аз он нахустин президенти Тоҷикистон, Қаҳҳор Маҳкамов бо фишори тазоҳурот ва порлумон ба истеъфо рафта буд.
Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва кафили раёсатҷумҳурии кишвар Қадриддин Аслонов Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро қироат кард. Аммо ҳамагӣ пас аз ду ҳафта вазъе ба миён афтод, ки саромадони кишвар дигар натавонистанд аз тавтеъа ё каҷравиҳо пешгирӣ кунад.
«Озодӣ»
Шарҳҳо
Барқи худамонро вақте аз Русҳо мехарем, ин истиқлолият аст?
Росия дар дохили кишвари мо барои пойгоҳаш ҳозир нест пул диҳад. Ба ин чӣ мегӯянд? Истиқлол мегӯянд ё ???
RSS Обуна