05:39:52 01-уми Июли 2025 сол

ҲАЛОКАТИ 6 ТАН БАР АСАРИ ЗАҲРОЛУДШАВӢ ДАР ДУШАНБЕ

Дар корхонаи собиқи коркарди чарм дар Душанбе, шаш нафар аз кормандони он ҳалок гардидаанд. Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, ин ҳалокшудагон Мирзомаҳмуд Маҳмудови 50-сола, Ҷӯрабек Мирзоеви 41-сола, Тӯйчибек Абдураҳмонови 22- сола, Амриддин Шонуриддинови 45-сола, Аҳмадбек Худойдодови 45-сола ва Наврӯз Зуҳурови 36-сола будаанд.

/images/stories/2011/08/24_dukhtur_24.8.2011.jpgҶаноби Асадуллоев гуфт, ин афрод ҳангоми тоза кардани дохили қубури партовҳои корхонаи "Кӯҳандиз" аз бӯи ғализи дуди газе, ки аз он ҷо берун меомад, заҳролуд шудаву ҷон бохтаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, Зариф Халифаев, Ҳабибулло Мӯсоев ва Мирзоюсуф Шарипов ва Абдулваҳҳоб Ибодов, ки мехостанд ҳамкорони худро наҷот бидиҳанд, заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Вай афзуд, се тани онҳо ҳоло аз беморхона берун омада, вале яке аз онҳо то ҳанӯз бистарист.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ин фоҷиаро "ҳодисаи нохуш" меноманд, мегӯянд, ки тафтишот дар ин замина идома дорад. Вале чизе, ки то кунун рӯшан шудааст, ин аст, ки дар ҷасади шаш тани ҳалокшуда аломати марги маҷбурӣ дида намешавад. Дар ҳоли ҳозир ҷасади ин шаш тан барои ташхиси тиббӣ-судӣ ба сардхона супорида шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Мирзомуддин Шамсов, муовини раиси корхонаи коркарди пӯст, мавсум ба "Кӯҳандиз" гуфтааст, онҳоро ба додситонии шаҳри Душанбе даъват кардаанд, то асли ин қазияро бифаҳманд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 24.08.2011 18:10
 
 
0 #1 Guest 24.08.2011 18:08
salom az shahri sankt-peterburg az nomi muhammadi lohuri 89531633993
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ