23:21:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТЕРРОРИСТИ НОРВЕГӢ ҚАСДИ КУШТАНИ «МОДАРИ МИЛЛАТ»-РО ДОШТ

Тибқи хабаргузории Aftenposten, террористи норвегӣ Андерс Брейвик мехост собиқ сарвазири мамлакат Гру Харлем Брунтланнро, ки аз ӯ «модари миллат» ном мебаранд, террор кунад.

/images/stories/2011/07/25_anders-breyvik_5545.jpgҲамин тавр, ки дар бозпурсии худ Брейвик гуфт, ки мебоист дар ҷазираи Утойя субҳи рӯзи ҷумъа ҳангоми суханронии собиқ сарвазир Брунтланн дар ҳамоиши ҷавонон аз ҳизби коргарии норвегӣ иштирок карда, ҳамон ҷо ба сарвазир ҳамла мекард. Аммо бо далелҳои гуногун ӯ ҳам барои анҷоми ин кор муваффақ нашуд. То ба инҷо расидани ӯ, аллайкай сарвазир аз ҷазира рафта буд.

Тиқби маълумоти Aftenposten, Брунтланн рӯзи ҷумъа 22-юми июл тақрибан аз соатҳои 11:10 то 12: 40 ба вақти маҳалӣ дар ин ҷазира ба сар бурд. Чи тавре, ки кормандони пулис мегӯянд, оғози тирпаронӣ дар ҷазираи Утойя соати 17:26 оғоз шуд.

/images/stories/2011/07/25_gro_harlem_brundtland_111.jpgГру Харлем Брунтланн аввалин ва ягона дар таърих  зани норвегӣ ҳаст, ки дар солҳои 1981, 1986, 1990 се маротиба нахуствазири ҳукумати Норвегия интихоб шудааст. Андерс Брейвик, шаҳрванди норвегиест, ки ба анҷом додани ду амали террористӣ дар рӯзи ҷумъаи 22-юми июл муттаҳам шудааст, ки дар натиҷаи он бино бар маълумотҳои ахир 100 кушта ва 97 нафар захмӣ шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Брейвик  имрӯз, рӯзи душанбе бори аввал баъд аз боздошташ ба бинои марказии додгоҳи Осло интиқол меёбад. Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиа боз ва ё пушти дарҳои баста баргузор хоҳад шуд. Тибқи қонунҳои Норвегия агар ҷиноятҳояш собит шавад ӯро 21 соли маҳбусӣ интизор аст.

Ҷаҳонгири Султон, бо истифода аз маводҳои интернетӣ, барои «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 25.07.2011 18:27
Tamomi rasonaho(hato avrupoiho) vayro teroristi MASEHI nom burdand va Shumo bilaks kushish karded ki ba dini vay ishora nanamoed,kore khube karded.Umed dorem agar dar borai musulmone ham , ki navishted ba akoidash ishora nakhohed kard,tashakkur!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi