11:17:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ДАР ХОРУҒ МИНАҲОИ ЗИДДИТАНКӢ МУСОДИРА КАРДА ШУД

Дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 20 июл дар прокуратураи ВМКБ ва иштироки рӯзноманигорони Бадахшон баргузор гардид, прокурори вилоят Арабшо Сиддиқов доири ҷамъоварии яроқу аслиҳа аз шаҳрвандон иттилоъ дод.

/images/stories/2011/07/22_mina-zidditank.jpgӮ афзуд, ки ҷамъкунии навбатии яроқу аслиҳаи ҷангӣ аз шаҳрвандон натиҷаи хуб дод. Ҳангоми тафтишот ва корҳои ҷустуҷӯӣ аз сокинони шаҳри Хоруғ 13 намуд яроқи вазнини ҷангӣ, ки аз як автомати Калашников, панҷ минаи зиддитанкӣ ва таппончаву милтиқ иборат буд, мусодира гардид. Тибқи маълумоти ӯ дар давоми шаш моҳи соли равон, аниқтараш то 13 июни соли 2011, бо кӯшиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз аҳолӣ 62 намуди яроқи оташфишон гирифта шуд.

Дар баробари ин мубориза бар зидди ғайриқонунӣ аз худ намудани молу мулки давлатӣ дар қиёс бо соли гузашта нисбатан пурқуввуттар гардид. Дар нимсолаи соли 2011 аз рӯи иттилои прокурори вилоят нисбати 32 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, зиёда аз 235 ҳазор сомонӣ маблағи давлатӣ бозпас гардонида шуд.

Оиди дастгиркунии қочоқчиён ва маводи мухаддир дар нимсолаи соли 2011 бо ақидаи Арабшо Сиддиқов 14 ҳодисаи дастгиркунӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамагӣ ба миқдори 30 килову 156 гр маводи нашъадор мусодира гардид, ки ин миқдор нисбати соли гузашта зиёдтар мебошад.  

Бояд қайд кард, ки соли гузашта аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ ба миқдори 25 килову 611гр маводи мухаддир мусодира карда шуд. Берун аз вилоят ва ҷумҳурӣ аз сокинони вилояти ВМКБ 196 килову 566 гр маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 150 килои  онро дар шаҳрҳои Федератсияи Руссия мусодира кардаанд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi