00:17:59 28-уми Апрели 2025 сол

РӮЗИ МАЪЛУЛОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОҒИ МАРКАЗИИ ХОРУҒ

Субҳи рӯзи гузашта  боғи марказии шаҳр серодам буд. Бахшида ба рӯзи маъюбони Тоҷикистон дар боғи марказии истироҳатии шаҳри Хоруғ бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии «Маркази Нур», ташкилоти ҷамъиятии «Маҷрӯҳон» ва Асосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди «Савоб» таҳти  шиори «Мо танҳо нестем» фестивал баргузор гашт.

ruzi-malulon_5454565.jpgРоҳбари Асосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди «Савоб» Лайло Нафасшоева дар бораи фаъолияти ташкилоташон аз ҷумла чунин гуфт:

- Дар асосиатсияи мо шумораи зиёди кӯдакони маъюб таҳсил мекунанд. Мо талош мекунем, ки новобаств аз маҳдудияти зеҳнии баъзеашон ба онҳо чизе биёмузем ва вақти онҳоро андаке ҳам бошад, хуш гузаронем. Аммо наврасоне ҳам ҳастанд, ки рӯҳан мариз буда, хонашин гаштаанд. Ба гуфти муовини аввали раиси ВМКБ Холиқназаров дар шаҳри Хоруғ 1062 маъюб зиндагонӣ мекунанд, ки  190 нафари онҳо бо кор таъмин гардидаанд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ