ДАРХОСТИ ОЗОДИИ ХАБАРНИГОРИ БИ-БИ-СИ ДАР ТОҶИКИСТОН
Сарвиси ҷаҳонии Бунгоҳи суханпарокании Бритониё (Би-би-сӣ ) бо интишори баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар вилояти Суғдро аз боздошт озод кунанд. Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон низ аз сарнавишти ин хабарнигор изҳори нигаронӣ карда ва аз мақомоти Тоҷикистон хостааст бар таъаҳҳудоти байналмилалии ин кишвар эҳтиром бигзоранд. Матни комили баёнияҳо аз қарори зер аст:
Баёнияи Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ
Бунгоҳи Би-би-сӣ аз гузоришҳои мабнӣ бар боздошти Урунбой Усмонов, гузоришгари худ дар Тоҷикистон, амиқан нигарон аст. Оқои Усмонов тайи даҳ соли ахир дар бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ фаъолият мекунад. Аҳли хонаводаи ӯ рӯзи 13 июн пас аз он ки ӯ баъд аз анҷоми вазифа ба манзил барнагашт, гуфтанд, ки вай нопадид шудааст.
Рӯзи 14 июн соъати 12 ба вақти Ландан пас аз он ки аъзои хонавода ва ҳамкорони вай аз ҷустуҷӯҳо ноумед шуда буданд, ӯ дар манзилаш пайдо шуд, вале маъмурони амниятии Тоҷикистон ӯро ҳамроҳиаш мекарданд. Аъзои хонаводаи ӯ хабар доданд, ки дар бадани вай нишонаҳое аз зарбу шатм ба назар мерасид. Маъмурони амниятӣ манзили ӯро такурӯ карданд ва пас аз анҷоми бозҷӯӣ ӯро бо худ бурданд. Аз он замон ба баъд ӯ иҷоза надоштаааст, ки бо хонаводааш дар тамос бошад.
Би-би-сӣ хабар ёфт, ки оқои Усмонов ба доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломии мамнӯъ дар Точикистон, муттаҳам шудааст. Дар ҳоле ки оқои Усмонов бо тақозои Би-би-сӣ гузоришҳое дар мавриди муҳокимаҳои додгоҳӣ ва фаъолияти Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон таҳия мекард, Би-би-сӣ ҳеҷ далеле барои эътимод ба ин иттиҳомот надорад.
Би-би-сӣ шеваи бархӯрди мақомот бо оқои Усмоновро ба ҳангоми боздошт маҳкум мекунад, бавижа ин ки ӯ иҷозаи истифода аз намояндаи ҳуқуқиро надоштааст. Би-би-сӣ тақозо мекунад, ки оқои Усмонов фавран озод шавад.
Баёнияи Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон:
Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон аз тақдири хабарнигори ВВС изҳори нигаронӣ менамояд. Мо аз хабари боздошт ва гирифтори муомилаи дурушт гаштани Урунбой Усмонов, хабарнигори BBC дар шаҳри Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар рӯзи 14 июн бо ҷурми аъзогӣ ба созмони Ҳизбутаҳрир изҳори нигаронӣ менамоем.
Мо аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват намудем, ки ҳар чи тезтар ба ин масъала рушанӣ андозанд. Британияи Кабир дар ҳамроҳӣ бо шарикони хеш аз Иттиҳоди Аврупо ба Ҳукумати Тоҷикистон муҳимияти озодии васоитҳои ахбори умумро дар Тоҷикистон таъкид менамоянд.
Мо кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти таъмини амният ва субот дар кишвар эътироф ва дастгирӣ менамоем, вале боисрор таъкид мекунем, ки Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти хешро дар ин самт бояд дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии хеш ба роҳ андозад.
Би-Би-Си