АҲМАД ЗОҲИР: «АГАР ПИНҲОН БУВАД ПАЙДО МАН ОН ПАЙДОИ ПИНҲОНАМ»
Рӯзи сешанбеи 14-июни соли 2011 ба муносибати 65-солагии зодрӯзи шодравон Аҳмад Зоҳир, бузургтарин овозхони муосири Машриқзамин ва ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз бо ибтикори сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» ва як гурӯҳи ҳаводорони садои ин хунёгари садаҳо ва қарнҳо, инчунин бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон (собиқ Қасри Иттифоқҳои касаба) соати 17 00 таҳти унвони «Ҷаҳони ишқро шоҳам» консерти ройгони ҳунармандони Тоҷикистон бо ширкати овозхонҳо ва мутрибон аз кишвари ҳамсояи Афғонистон баргузор мегардад. Ҳаводорон ва алоқамандони садои Аҳмад Зоҳири нотакрор ва пайравони мактаби эҷодии ӯро ба ин консерти диданӣ даъват менамоем.
Бо эҳтиром ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор»
Шарҳҳо
RSS Обуна