13:28:00 03-уми Июни 2025 сол

ҶОЙГОҲИ ТУРСУНЗОДА ДАР САРНАВИШТИ ФАРҲАНГУ АДАБИ ТОҶИК

7 июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  конфронси илмӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи устод Мирзо Турсунзода дар сарнавишти фарҳангу адаби тоҷик» баргузор гардид.

Дар ин конфронс вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ зикр намуд, ки Устод Турсунзода бидуни шак яке аз барҷастатарин, пуртаъсиртарин шоир, шахсияти сиёсӣ ва адабии рӯзгори мо буд, ки бо осор ва ашъори ҷаззобу пурмӯҳтавояш, ҳангоми сафарҳои расмӣ ва эҷодияш ба кишварҳои дуру наздик, ном, зебоии табиат ва фарҳанги тоҷиконро ба кишварҳои дигар муаррифӣ кардааст.

Дар конфронс доктори илмҳои филологӣ А. Маҳмадаминов дар мавзӯи «Андешаҳои М. Турсунзода оид ба аввлин асари адабиётшиносии Айнӣ», академик М. Диноршоев  дар мавзӯи «Ватанпарварӣ - меҳвари ашъори Турсунзода», номзади илмҳои филология Валӣ Самад дар мавзӯи «Қафқоз аз назари М. Турсунзода», директори Китобхонаи миллӣ Ш. Тошев дар мавзӯи «М. Турсунзода дар библиографияи тоҷик» баромад намуданд.

Дилшодаи Хайруллоҳ, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854