04:54:59 01-уми Июли 2025 сол

ДАР ПЕШОВАР КОНСУЛГАРИИ ТОҶИКИСТОН БОЗ МЕШАВАД

Сафорати Тоҷикистон дар Покистон эълом кардааст, ки дар шаҳри Пешовари Покистон, воқеъ дар наздикии марзи ин кишвар бо Афғонистон, консулгарӣ ифтитоҳ хоҳад кард. Ин хабарро сафири Тоҷикистон дар Покистон дар мулоқоташ бо намояндагони Утоқи бозаргонӣ ва санъатии Хайбар Пахтунхво додааст.

Ба гуфаи вай, Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни кишвараш ва Покистон аст ва ба ин хотир гушоиши консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Пешовар раванди дарёфти визо барои туҷҷори ин шаҳрро сода хоҳад кард. Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, таъкид кард, ки пас аз сафари моҳи марти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо тавсеъа пайдо кардааст.

Вай энержӣ ва иртибототро аз бахшҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон унвон карда ва гуфт, ки интизор меравад Тоҷикистон ба Покистон нерӯи барқи арзон содир карда ва Покистон ба навбаи худ, яке аз бандарҳои обии худро дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад. Ба хусус тарҳи интиқоли хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути Афғонистон ба Покистон, яке аз тарҳҳои муҳим барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Вале давлати Ӯзбакистон ахиран ба манзури ташвиқ ба худдорӣ аз ширкат дар тарҳи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба давлати Покистон пешниҳод кардааст, Покистон бунёди се нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Свот дар қаламрави худро рӯи даст бигирад ва Ӯзбакистон омода хоҳад буд дар ин амр кумаки молӣ кунад.

Пештар оқои Зубайдов дар сӯҳбаташ бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки Покистонро фақат кишвари теруристӣ мегӯянд, ин нодуруст аст! Мо дар асри муносибатҳои тиҷоратӣ қарор дорем ва тавсеъаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Покистон барои ҳар ду кишвар баробар муҳим аст”

Бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, табодули коло миёни Тоҷикистону Покистон дар соли гузашта дар муқоиса ба соли 2009 се баробар афзоиш ёфта ва ҳудуди 22 милюн дулорро ташкил додааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ