19:39:37 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30      

БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АШТ

аб, «Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #10 Guest 25.05.2011 10:39
Дигар чизе, ки ин ҳизбиҳо дар рафти сухани Шайх нороҳат шуданд, он буд, ки Шайх ходимони амни Давлатро, аз фатвоҳои Шайхҳои гиромии аҳли Суннат ва ҷамоъат, агар нияташон ба хотири Аллоҳ, ҳимояи Ислому муслимини ин кишвар бошад, эшон аҷру подоши муҷоҳидро мегиранд, гуфт.
Шайх ба мардум чунон далелҳоеро пешкаш кард, ки мо нисбати давлатдорони худ, меҳру муҳаббат ҳосил кардем, ки то ин вақт мо бо дасиса ва найранги ин ҳизбиҳои ҷоҳил, ба давлату давлатдорон бовар намекардем ва шубҳадор будем. Вале шукри Аллоҳ, Шайх ба ёрдами Аллох тавонист, ки ҳамаи шакку шубҳаҳоро аз қалби мо решакан кунад.
Дар охир аз Аллоҳи меҳрубон масъалат дорем, ки тамоми аъмоли моро холис барои рӯи Худаш қарор диҳад ва моро ба пайравӣ аз Паёмбараш, саллаЛЛоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, насибадор гардонад!
Бо камоли эхтиром як гурӯҳ бародарони аҳли Суннат ва Ҷамоъати шаҳри Панҷакент.
 
 
0 #9 Guest 25.05.2011 10:38
Мо бародарони аҳли Исломи шаҳри Панҷакент бар онем, ки чунин мавъизаҳо дар шаҳру деҳот зиёдтар гузаронида шаванд, то баъзе аз ҷавонони сустирода ба сабаби ин панду андарзҳо аз ҷодаи хақиқату диёнат берун нараванд.
Агар дар диёри мо теъдоди чунин донишмандон ба мисоли Шайх Мақсуди Ғайбуллоҳи Асарӣ зиёд мегардид, шояд бархе аз ҷавонон аз рукнҳои асосии дини Ислом хубтар бохабар мешуданд.
Аз ҳама чизи аҷибе, ки Шайх худ савол дода ва ба он ҷавоб дод, он буд, ки чаро ҷавонони мо шимили ин ҳизбҳо мешаванд? Дар ҷавоб чунин гуфт: Зеро муллоҳои мо бештарашон ҷоҳиланд ва хислати дурӯягӣ донад. Расман дар ҳизб нестанд, вале бо тану ҷон ҳизбианд.
Ин сухан, ки ҳақ буд ба муллоҳо маъқул нашуд, вале илоҷи гапзадан надоштанд. Зеро Шайх расман аз ҷониби Шӯрои Уламо омада буд!
(давом дорад)
 
 
0 #8 Guest 25.05.2011 10:38
Шайх аз онҳо оромона барои ҳизбашон далел аз Қуръону Суннат металабад, аммо онҳо ба ҷӯз дод занӣ, дигар ягон далилеро пешкаш карда натавонистанд. Дар натиҷа тамоми мардум, хусусан ҷавонон дар ҳайрат монданд, кӣ ин чигуна ҳизби Исломӣ будааст, ки ягон далелеро барои бар ҳақ будани хеш оварда наметавонанд. Дар ҳамон ҳолат беодоб будани ин ҳизбиҳо ва дигар ғараз доштани онҳо рӯёб зад, ки то ҳол ин ба чашми мардум пӯшида буд.
Аз мавъизаи шайх мо ҷавонон аз тавҳиди Аллоҳ ва пайравӣ аз Суннати Паёомбар, саллаЛЛоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, ва аз ширку бидъату хурофотҳо дурӣ ҷӯстан мукаммалтар огоҳ шудем. Аз ҳама чизи муҳиме, ки мо огоҳ шудем, воҷиб будани итоъат аз роҳбарони Давлат буд, ки ин асоси барқарории амни Тоҷикистон будаст ва низ дар Ислом ҳизбгарои набудаст ва чаро ҷавонони мо ба ин ҳизбҳои мухолиф шомилан. Тамоми инҳоро Шайх бо далилҳои қатъӣ ба самъи мо мусалмонон расонид.
(давом дорад)
 
 
0 #7 Guest 25.05.2011 10:37
Аз мавъизаи Шайх маълум гардид, ки дар Дини мубини Ислом бисёрхизбӣ чоиз нест.
Мутаасифона, ин мавъизаи судманд ба бархе аз аъзоёни ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент маъкул наафтод. Онҳо дар вақти мавъиза бо ҳаргуна суханҳои нохӯш ва эродҳои ноҷо ба иззати нафси Шайх Мақсуди Ғайбуллоҳи Асарӣ мерасиданд ва табъи хозиринро хира месохтанд. Чунин рафтор, албатта хилофи оини меҳмондории мардуми мо ба шумор мерафт.
(давом дорад)
 
 
0 #6 Guest 25.05.2011 10:36
Дар мавриди фаъолияти ҳизб, Шайх аз Қуръон ва аз аҳодиси Паёмбар, саллаЛЛоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, таъкид шудани ду ҳизб, яъне ҳизби Аллоҳ ва ҳизби шайтонро бо санаду далелҳои котеъ собит намуд.
Шайх, бо мисолҳои возеҳ ва равшан ҳозиринро ҳушдор намуд, ки тибқи фармудаҳои Аллоҳ касе, ки калимаи тайиба ва шаҳодатро бар забон меорад ва бар он амал мекунад, ӯ узви ҳизби Аллоҳ аст, аммо касе, ки калимаи тайиба ва шаҳодатро бар забон намеорад ва бар он амал намекунад, ӯ узви ҳизби шайтон маҳсуб аст ва таъкид намуд, ки мо мусалмонони Тоҷисистон, дар асоси далелҳои зикркардаам, ба ягон ҳизб аз номи Ислом эҳтиёҷ надорем, хоҳ вай ҳизби таҳрир бошад ва хоҳ наҳзат ва дигар дастауву ҷамоъаҳое, ки аъзоёни онҳо, аз ҷаҳолат, аз номи Ислом ҳарф мезананд.
(давом дорад)
 
 
+1 #5 RE: БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АШТGuest 25.05.2011 10:35
Ба номҳои Аллоҳи Раҳмон ва Раҳим оғоз мекунем!
Андешаи як гурӯҳ бародарони аҳли Суннат ва Ҷамоъати шаҳри Панчакент, дар мавриди мавъизаи Шайх Максуди Ғайбуллоҳи Асарӣ, ки 22.04.2011, дар масҷиди ҷомеъи Хоҷа Муҳаммади Башоро, дар мавъизае, ки пеш аз ҷумъа баргузор гардида буд.
Ҳамду санои беҳамто ба Аллоҳи яккаву ягона ва дуруду салом бар Мухаммад ва бар сахобагону олу байташон.
Аммо баъд:
Мавъизаи Шайх Максуди Ғайбуллоҳи Асарӣ аз нуқта назари риояти фармудаҳои Аллоҳи карим ва Расули Ӯ, саллаЛЛоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, ба намузгузорон ва алалхусус ба ҷавонон хеле ҳам писанд омад. Чунки бархе аз ҷавонон аз сабаби надонистани фармудаҳои Аллоҳ ва Расул, саллаЛЛоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам, ва надоштани дониши кофии исломӣ, ба ҳаргуна гуруҳу ҳизбҳои гаразнок шомил гардида, бар хилофи ақидаи аҳли Суннат ва Ҷамоат амал мекунанд ва ниҳоят гумроҳ мешаванд.
(давом дорад)
 
 
+2 #4 RE: БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АШТGuest 17.05.2011 19:07
БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АШТ
http://ruzgor.tj/news/5141-bozdoshti-yak-uzvi-hnit-dar-asht.html
 
 
+1 #3 RE: БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АШТGuest 17.05.2011 19:04
Ассалому алайкум!
Воқеъан дар Ислом ягон ҳиб нест, ман инро сароҳатан эълон мекунам. Аммо ин ҳизбиҳо, ба хусус ҳизби наҳзат, ки иддиъои Исломӣ мекунанд, вале дар ҳақиқат, ба ҷӯз ҳадафи хеш, дигар ягон чӣ мақсад надоранд. Зеро ягон далилеро барои дар Ислом ҳизб будан оварда наметавонанд!
 
 
+1 #2 RE: БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АШТGuest 17.05.2011 17:31
Ассалому алайкум! Дуруст аст, вале бояд, ки барои онки Дини мубини Ислом хама ҷоро гирад, на бояд, ки хомӯш нишинем. Аммо ин хибиҳо, хусусан наҳзатиҳои ба ном Исломӣ, ҷӯз мақсад ва ҳадафи худ, ягон мақсади исломӣ надоранд. Мақсадашон ба зинаҳои боло хез задан асту бас! Зеро аз ақидаи солим холианд! Даъвоҳои дуруг доранд, дар ягон ҷой барои асос доштани ҳизбашон ягон далилеро, на аз Қуръон ва на аз аҳодиси Паёмбар, саллаЛЛоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам оварда наметавонанд, зеро ҳизбашон аз далил холӣ аст. Аз ҳамин хотир аст, ки чун далел барои дар Ислом ҳизб набуданро, аз Қуръон аз сураи Рум ояти 31 ва32 меоред, қарибки асабӣ шуда, ҷӯз доду войзанӣ дигар чизе гуфта наметавонанд!
 
 
+2 #1 RE: БОЗДОШТИ ЯК УЗВИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АШТGuest 10.05.2011 23:18
Хохед нахохед оянда Исломи аст - барой-ки чунин Худо хостааcт ки хама дунёро ин дини мубини ислом ки дини рахмату шафкату мехрабони аст мегирад ! чи мубориза баред чи не маъно надорад - таслими амру фармони Худо бошед ай инсонхо !
( шаҳри Панҷакенту Ашт дар ду намози ҷумъаи ахир Мақсуд Ғайбулло ном як шахс суханронӣ карда ва сокинонро барои ворид нашудан ба ҳизбҳо, бахусус, ҲНИТ даъват намудааст. )
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi