01:03:54 16-уми Июли 2025 сол

ҲУКУМАТИ НАВИ КУВАЙТ ТАШКИЛ ШУД

Сарвазири Кувайт Носир ал-Муҳаммад ал-Аҳмад ас-Сабоҳ имрӯз ҳукумати навро ташкил кард. Ҳукумати пешини Кувайт дар посух ба даъватҳои ислоҳоти сиёсӣ ба истеъфо рафт.

Аз 16 мақоми вазирӣ дар ҳукумати нав чаҳортояш дар ихтиёри сулолаи ҳокими Ас-Сабоҳ гузошта шуд. Дар ҳукумати пешин намояндагони ин сулола панҷ намоянда доштанд.

Мақомҳои вазирони нафт ва тиҷоратро афроди нав ишғол карданд. Намоишҳои эътирозӣ бо талаби ислоҳот дар Кувайт чанд бор баргузор шуданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ