20:04:16 01-уми Июни 2025 сол

ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ҚУРЪОНСӢЗИРО МАҲКУМ КАРД

Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ҳодисаи сӯзондани нусхае аз китоби "Қуръон" дар иёлати Флуридои Омрикоро маҳкум кардааст.

nahzatШӯрои сиёсии ин ҳизб бо судури баёнияе сӯзондани китоби муқаддаси мусалмонон тавассути кашише омрикоиро "амале ифротгароёна ва ҷинояти зидди арзишҳои башарӣ" хонда ва ҳушдор додааст, ки ин кор авоқиби ногуворе барои ҷомеъаи байналмилалӣ хоҳад дошт.

Дар ин баёния, ки сойти ҲНИТ рӯзи сешанбеи 5 апрел интишор дод, аз ҷумла омадааст: "Қатли таассуфбори даҳҳо инсони бегуноҳ дар Афғонистон нишонае аз паёмадҳои хушунатбори ин амали таҳрикомез мебошад."

Ин ҳизб меафзояд: "Шакке нест, ки доираҳои мушаххас дар паси ин ҳодисаи нангин истодаанд ва бо даст задан ба эҳсосоти милюнҳо одамон, раванди мӯътадилсозии муносибатҳои байни мусалмонон ва пайравони динҳои дигарро хадшадор кардан мехоҳанд."

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин зимни интиқод аз ончи "хомӯшӣ ва вокунишҳои заъифи созмонҳои байналмиллалӣ, кишварҳо ва ниҳодҳои расмӣ" хонда, онҳоро ба "бетафовутӣ ва саҳлангорӣ нисбат ба арзишҳо ва муқаддасоти башарият, бавижа мусалмонон", муттаҳам кардааст.

Дар ниҳоят, ин ҳизб аз мақомоти расмии кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, бахусус кишварҳо ва созмонҳои исломӣ, даъват кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо чунин "амалҳои ифротгароёна" муқобала кунанд ва аз такрори чунин ҳаводис дар оянда ҷилавгирӣ намоянд.

Дар вокуниш ба интишори хабари сӯзондани нусхае аз китоби "Қуръон" дар авохири моҳи март дар Омрико тайи рӯзҳои ахир тазоҳуроти густардае дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон барпо шудааст.

Рӯзи ҷумъаи гузашта гурӯҳе аз мӯътаризон дар Мазори Шариф ба дафтари СММ дар ин шаҳр ҳамла карда ва чанде аз кормандони онро ба қатл расонданд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин амалро низ маҳкум кардааст.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 06.04.2011 18:08
ДАВЛАТИ МО МАРДУМАШРО АЗ ИНБАТАР КАРДАСТ ИСЛОМРО ЗЕРИ ПО КАРДААСТ МАРДУМИ МО БОШАНД ЭМОНАШОН ЗАИФ ШИДАСТ ЯК БОР ЯК ЭМОМХАВТИБЕ НАТАВОНИСТКИ ХАКАЛАН МАРГ БАР АМРИКО ГУФТА АЗМИНБАРИ РАСУЛИ АКРАМ САСАВЛОХУ АЛАЙХИ ВАСАЛОМ ФАРЁДКУНАД.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854