11:51:25 03-уми Июни 2025 сол

ҚАТЛИ ЯК ТОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Расонаҳои Русия гузориш додаанд, ки Шуҳрат Ҳамроқулов, тоҷири тоҷик рӯзи чаҳоршанбеи 17 ноябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия кушта шудааст. Оқои Ҳамроқулов ҳангоме ки бо ду писар ва хонумаш дар соъоти бомдодӣ аз манзилаш берун мешуд, бо зарби гулулаи фарди номаълуме аз пой даромад.

 

Гуфта шудааст, ки фарди муҳоҷим дар рӯи худ ниқоб дошт ва пас аз ҳамла маҳалли ҳодисаро тарк кардааст. Бархе аз расонаҳои Русия оқои Ҳамроқуловро табаъаи Тоҷикистон хондаанд. Гуфта мешавад эҳтимолан ангезаи ҳамла ба ин тоҷир фаъолияти тиҷоратии ӯ будааст. Ӯ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба вилояти Свердловски Русия меваҷот ворид мекардааст. Раёсати умури дохилаи вилояти Свердловск дар мавриди қатли оқои Ҳамроқулов парванда боз карда ва таҳқиқотро оғоз кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3606-2010-11-18-19-03-50.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 21.11.2010 12:39
ихел уруса дар чош короша хал кардан даркорай
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854