07:44:17 05-уми Июни 2025 сол

ҲУКМИ БОЗДОШТИ ТАБАЪИ ТОҶИК СОДИР ШУД

Додгоҳи шаҳри Тулаи Русия дар мавриди дар боздошт нигоҳ доштани Давлатшоҳ Элбегиев, ронандаи мошини “МАЗ” ҳукм содир кардааст. Ин тасмими додгоҳ рӯзи душанбеи 1 ноябр эълом шуда ва ҳамакнун оқои Элбегиев дар ҷараёни бозрасии қазияи сонеҳа, ки дар асари он ронандаи утумубили мутааллиқ ба Вазорати дифоъи Русия кушта шуда ва се афсари баландпояи ин вазорат ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд, дар боздоштгоҳи муваққат ба сар хоҳад бурд.

 

shamanovМошини боркаши тамғаи "МАЗ", ки Давлатшоҳ Элбегиев ронандааш буд, рӯзи шанбеи 30 октябр бо худравии хидматии Владимир Шаманов, фармонедеҳи Неруҳои десонти Русия дар шоҳроҳи Маскав дар наздики шаҳри Тулаи Русия бархурд кард. Дар натиҷаи ин сонеҳа ронандаи худрави хидматӣ ҷон бохта ва женерол Шаманов ва ду афсари баландпояи ҳамроҳаш шадидан захмӣ шудаанд. Женерол Шаманов ба бемористони низомии ба номи Бурденкои шаҳри Маскав мунтақил шуда ва пизишкон вазъи саломатии ӯро “сангин” хонданд. Бар асари садама сари женерол Шаманов такони мағз хӯрда ва дасту пояш осеб дидаанд.

 

Зӯҳри рӯзи 1-уми ноябр пизишкони саршиноси ин бемористон ба ҷарроҳии женерол Шаманов шурӯъ кардаанд. Қабл аз ин Влодимир Путин, нахуствазири Русия ба аёдати женерол Шаманов ба ин бемористон омада буд ва аз пизишкон дархост кард, то беҳтарин сифати хадамоти пизишкиро барои муъолиҷаи кормандони вазорати дифоъи Русия ироа кунанд. Давлатшоҳ Элбегиев, табаъи Тоҷикистон ва ронадаи мошини “МАЗ” дар “нақзи қавоиди ҳаракат дар роҳ, ки ба марги инсон мунҷар шудааст" муттаҳам шуда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷинойӣ боз шудааст. Гуфта мешавад, дар сурати собит шудани иттиҳомоти ворида дар додгоҳ, мумкин аст оқои Элбегиев ба муддати 5 сол равонаи зиндон шавад.

 

Андрей Яртсев, сухангӯйи Идораи вазорати кишвари Русия дар вилояти Тула ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, худраве, ки пешопеши мошини “МАЗ” ҳаракат мекард, ба таври ғайримунтазира турмуз карда ва барои ҷилавгирӣ аз бархӯрд бо худрав Давлатшоҳ Элбегиев мошини худро ба самти муқобили ҳаракат бурдааст.Вай ҳамчунин хабарҳо мабнӣ бар масти машруб ё маводди мухаддир будани рондандаи мошиниМАЗ”-ро рад кардааст. Ҳамчунин, дар ҷараёни бозрасии муқаддамотӣ рӯшан шудааст, ки оқои Элбегиев дар Русия расман сабти ном шуда ва муҷаввизи кор дар ин кишварро доштааст.

 

Шаманов фармондеҳи низомӣ ва сиёсатмадор

Владимир Шаманови 53-сола фармондеҳи саршиноси артиши Русия буда ва дар амалиёти ҷангии артиши Русия дар Чечен дар соли 1995 симмати муъовинати фармондеҳи неруҳои Русияро ба ӯҳда дошт. Дар ҷанги алайҳи ҷангиёни Чечен дар Доғистони Русия дар соли 1999 женерол Шаманов фармондеҳи неруҳои Русия буд ва ӯ тавонист гурӯҳҳои ҷангиёни чечениро аз ҳудуди ин ҷумҳурӣ берун кунад. Барои ин хидматаш ӯ ба унвони Қаҳрамони Русия сазовор шуд. Дар муқобил мунтақидони женерол Шаманов фаъолияти ӯро дар ҷангҳои артиши Русия дар Чечен “бераҳм ва золимона” мехонанд.

 

Аз ҷумла Асланбек Аслахонов, женероли муставфии вазорати кишвари Русия ва мушовири пешини Владимир Путин дар умури Чечен женерол Шамановро “қассоб” ва “лаънаткардаи мардуми Чечен” хонда буд. Зимнан, женерол Шаманов дар солҳои 2000 то 2004 волии вилояти Улянови Русия буд. Баъдан женерол Шаманов дар вазорати дифоъ ва атриши Русия дар мақомҳои мухталиф ифоъи вазифа карда ва дар моҳи майи соли гузашта ба мақоми фармондеҳии Неруҳои десонти Русия интисоб шуд. Женерол Шаманов нафарест, ки дар яке аз мусоҳибаҳои худ дар тобистони соли ҷорӣ ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистонро пешгӯйӣ карда буд. Вай дар бархе аз расонаҳо, аз ҷумла ба хабаргузории Регнум дар бораи эҳтимоли ташаннуҷи увзоъ дар Тоҷикистон дар охири тобистон ва тирамоҳи соли ҷорӣ ҳушдор дода буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3477-2010-11-01-14-50-32.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854