ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БА МАРДУМИ КИШВАР
Имрӯз, 15 апрел дар шаҳри Душанбе иҷлосияи 8-уми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар суханронии худ Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон натоиҷи фаъолияти яксолаи ҳукумат ва таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии кишварро ба риштаи таҳлил кашида самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро дар ояндаи наздик нишон дод.
«Рӯзгор»