23:59:22 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КӢ ҲИММАТЗОДАРО ДАР ПАРЛУМОН ИВАЗ МЕКУНАД?

 

Дар посух ба ин суоли хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» сухангӯйи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода гуфт, ки ин масъала қарор аст имрӯз, 15 апрел дар ҷаласаи Шӯрои Сиёсии ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор бигирад. Ҷаласаи мазкур, ки баъди хатми иҷлосияи 8-уми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор мегардад, тасмими ниҳоии раҳбарияти ҳизбро дар робита бо истеъфои устод Ҳимматзода хоҳад гирифт ва иқдомҳои баъдии ҳизбро низ дар иртибот бо ин рӯйдод муайян хоҳад кард, гуфт дар идомаи суханаш Сайфуллоҳзода.

 Хотиррасон мекунем, ки Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, раҳбари маънавии ҲНИТ, якҷо ба Муҳиддин Кабирӣ раиси феълии ҲНИТ тибқи пешниҳоди феҳристи ҳизбӣ дар интихоботи парлумонии соли 2005 ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вакил интихоб шуда буданд. Муҳаммадшарифи Ҳимматзода дирӯз дар як баёния истеъфои хешро аз мақоми вакили МН ба хотири мувофиқ набуданаш бо бисёр нуктаҳои Қонун «Дар бораи озодиҳои виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» эълон кард.

Дар ҳамин ҳол Муҳибуллоҳ Додоҷонов, раиси Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки истеъфои Муҳаммадшарифи Ҳимматзода аз сӯйи ин ниҳод пазируфта нахоҳад шуд.


Ба гуфтаи ӯ тибқи моддаи 57-уми қонуни «Интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон» агар то интихоботи навбатии Парлумон камтар аз як сол мӯҳлат монда бошад, намояндаи нави парлумон дигар то анҷоми ваколати он интихоб карда намешавад. Ин талаботи қонун ба вакилоне, ки аз рӯйи феҳристи ҳизбӣ депутат интихоб шудаанд, низ дахл дорад. Ба гуфтаи ӯ то интихоботи навбатӣ камтар аз даҳ моҳ вақти дигар мондааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi