18:07:43 01-уми Июли 2025 сол

ҲАБСИ СОБИҚ САРВАРИ НБО НОРАК

 Прокуратураи генералии Тоҷикистон иҷозати ба ҳабс гирифтани собиқ сарвари Нирӯгоҳи Барқии Обии Норакро дарёфт кард. 

  Вакилони маҷлиси шаҳрии Норак ба прокуратураи генералии ҶТ иҷозат доданд, ки Маҳмадулло Қурбонов, депутати маҷлиси шаҳрӣ, собиқ директори НБО Норакро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ба ҳабс бигирад. Дар ин бора имрӯз оҷонсии хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба муовини аввали прокурори генералии ҶТ Абдусами Додобоев хабар додааст.

Собиқ сарвари бузургтарин иншооти обӣ дар Осиёи Марказӣ Маҳмадуллоҳ Қурбонов ва муовини ӯ Маҳмадалӣ Ҳалимов дар аз худ кардани моликияти давлатӣ ба маблағи як миллиону 282 ҳазору 700 сомонӣ (баробари 380 ҳазор доллари америкоӣ) гумонбар дониста мешаванд.

«Рӯзгор»

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ