13:49:59 02-уми Июли 2025 сол

КОРМАНДОНИ ДАВЛАТӢ БО ПОРА ДАСТГИР ШУДАНД

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи чумҳурӣ ҳафтаи сипаришуда боз нисбати ду порагир парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

 

Инҳо муҳандиси заминсози ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови ноҳияи Турсунзода Бакиров Алиҷон ва сармутахассиси бахши Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ноҳияи Исмоили Сомонӣ Бобохонов Нуралӣ, ки яке барои гирифтани 2 ҳазор доллар барои додани 0,8 га замини наздиҳавлигӣ ва дигарӣ барои гирифтани 400 сомонӣ аз ронанда барои надоштани иҷозатномаи мусофиркашонӣ ва аз ҷавобгарии маъмурӣ озод кардани ӯ мебошанд, ки нисбати ҳар ду мансабдор бо моддаи 319 қ1 – и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст ва чораи пешгирӣ намудани қонун андешида мешавад.

 

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/1467-kormandoni-davlati-bo-pora-dastgir-shudand.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ