14:05:22 15-уми Марти 2026 сол

Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд

Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши раванди пешниҳоди қарз аз ҷониби бонкҳои мамлакат ба мизоҷон иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки соли 2025 ҳаҷми қарзҳои додашуда 30 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ 22,1 фоиз зиёд мебошад.

2 firdavs tolibzoda 54512455454545Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаҳои истеъмолӣ 42,6 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ- 13,4 фоиз, кишоварзӣ- 11,8 фоиз, саноат- 8,3 фоиз, хизматрасонӣ- 7,1 фоиз, ипотека- 6,1 фоиз, сохтмон- 4,5 фоиз ва дигар соҳаҳо 6,2 фоиз рост меояд. Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 27,4 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, 8,2 миллиард сомониро ташкил дод.

Соли 2025 ба мизоҷон ба маблағи 22,0 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2024 23,5 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки фоизи миёнавазни қарзҳо дар ҳамин давра бо пули миллӣ 22,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод.

Бақияи сандуқи қарзии маҷмуии ташкилоти қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2025 маблағи 26,1 миллиард сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба интиҳои соли 2024 ба маблағи 4,7 миллиард сомонӣ ё 22,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Марзия САИДЗОДА,АМИТ «Ховар

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ