13:54:30 15-уми Марти 2026 сол

Дар Женева ҷалби сармоягузории Швейтсария ба бахшҳои калидии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Котиби генералии ташкилоти «SUISSENÉGOCE» Флоренс Шурс мулоқот намуд.

1 dar zheneva 212145221Тавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди устувор, ҷалби сармоягузории швейтсариягӣ ба бахшҳои калидии Тоҷикистон, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ, инчунин тақвияти гардиши савдои хориҷиро таъкид намуданд.

Бояд таъкид кард, ки як қатор ширкатҳое, ки дар соҳаи коркард ва тиҷорати ашёи хом фаъолият менамоянд, аъзои ин ташкилот мебошанд.

АМИТ «Ховар»

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ