11:24:44 19-уми Феврали 2025 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2025 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

Боздиди Зафар Сайидзода аз шаҳри Челябински Федератсияи Русия

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург аз шаҳри Челябинск боздид карда, дар он ҷо дар "мизи мудаввар"-и Маркази ваҳдати мардумӣ суханронӣ кард.

zafar saidzoa chelyabinsk 4587828-29 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар шаҳри Челябински вилояти Челябински Федератсияи Россия қарор дошт.

29 декабри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази ваҳдати мардумии шаҳри Челябинск боздид намуда, бо кор ва зарфиятҳои фаъолиятии он шинос шуд.

Ин Маркази россиягӣ чорабиниҳои худро дар сатҳи шаҳрӣ, минтақавӣ ва федералӣ доир месозад.

Дар толори музокироти Маркази ваҳдати мардумии шаҳри Челябинск "мизи мудаввар" дар мавзӯи имконоти нав дар арсаи таҳкими ризоияти байнимиллӣ ва байнидинӣ, ташаккули ҳувияти умумишаҳрвандӣ бар асоси арзишҳои суннатии маънавию ахлоқӣ баргузор гардид.

"Мизи мудаввар" дар шакли мубодилаи озоди афкор ва пешниҳодот сурат гирифт.

Дар кори "мизи мудаввар" Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, роҳбари Маркази ваҳдати мардумии шаҳри Челябинск Олег Чернишов, роҳбари Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Челябински Федератсияи Россия "Маркази миллию фарҳангии тоҷикон "Сомониён"" Исломуддин Раҷабов, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, роҳбари ширкати ҳуқуқии екатеринбургӣ "Неруи қонун" Сангалӣ Салимов, аъзо ва ходимони диаспораи тоҷикони муқими Урали Ҷанубӣ-вакили мардумии шаҳри Троитск Ҳусейн Калонов, Сайёд Раҳмонов, Халимҷон Қулов ва Сафармамад Ҳасанов-ширкат варзиданд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi