12:43:23 19-уми Майи 2025 сол

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд

25 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

glava sng 2024 452548656Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин барои даъват ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, иштирокдорони вохӯриро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику шодбош гуфтанд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз соли нав раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон мегузарад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки раёсати Тоҷикистон дар доираи консепсия ва нақшаи чорабиниҳои пешниҳоднамудаи кишвари мо бо мусоидати дигар давлатҳои иштирокдори ИДМ босамар ҷараён хоҳад гирифт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи доираи васеи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ