Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ба ин муносибат дар ноҳияҳои шаҳр маҷлисҳои тантанавӣ ва дар Боғи Парчами давлатӣ ҷамъомади фарҳангӣ баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки имсол ба қабули он 32 сол пур шуд.
Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг — сабз, сафед ва сурх иборат буда, ранги сабз — сарсабзӣ, сафед- роҳи сафед, хушбахтӣ, иқболи наку ва ранги сурх- озодӣ ва мустақилиятро ифода менамояд. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки далели ҳастии миллат ва давлати воҳид мебошад.
Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
АМИТ «Ховар»