The Guardian: Маҷористон дар ҳоли хориҷ аз Иттиҳоди Аврупо қарор дорад?!
Сиёсатмадорон ва мансабдорони аврупоӣ аз он нигаронанд, ки Маҷористон аз сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО бештар дур мешавад. Ин нигаронӣ дар мулоқоти нахуствазир Виктор Орбан ва раисиҷумҳури Русия Владимир Путин тақвият ёфт.
Як дипломати воломақоми аврупоӣ, ки нахост номаш бурда шавад, афзуд: "Мулоқоти ахири Орбан бо Путин дар Пекин ва ташбеҳи нахуствазири Маҷористон Иттиҳодияи Аврупоро ба СССР саволеро ба миён меорад, ки оё мо метавонем ба ин кишвар ҳамчун иттифоқчӣ ва шарик эътимод дошта бошем". Вай бар ин бовар аст, ки ин мушкилот амиқтар мешавад ва Маҷористон тасмимҳои стратегии Иттиҳодияи Аврупоро зери хатар мегузорад.
Дипломати дигари аврупоӣ қайд кард, ки Маҷористон низ аз тасмимҳои НАТО дар канор мондааст. Баъд аз ҳама, ба фарқ аз Туркия, он то ҳол вуруди Шветсияро ба Паймон тасвиб накардааст.
Аммо The Guardian қайд мекунад, ки Орбан як корти муҳиме дорад. Маҷористон дар нимаи дувуми соли 2024 раёсати Шӯрои Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда мегирад ва Брюссел нигаронии ҷиддӣ дорад, ки Будапешт аз ин нақш ба таври хатарнок суиистифода мекунад.
Илова мекунем, ки Виктор Орбан дар байни раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо пайравони худро дорад. Масалан, сарвазири ба қарибӣ интихобшудаи Словакия Роберт Фико. Ахиран ҳарду раҳбар зидди пардохти 50 миллиард доллар ба Украина изҳори назар карданд ва гуфтанд, ки ин пул барои Украина корсоз нест, бахусус азбаски Киев бо фасоди молӣ мушкилоти бузург дорад.
Вести.ру