WSJ: Макрон ва Шолтс ба Зеленский маслиҳат медиҳанд, ки бо Русия музокиротро оғоз кунанд
Рӯзномаи Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки раҳбарони Фаронсаву Олмон Эммануэл Макрон ва Олаф Шолтс бо раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский мулоқот карда, ба ӯ тавсия додаанд, ки бо Русия музокира кунад.
Рӯзноманигорон изҳор доштанд, ки сӯҳбат моҳи феврал дар Париж сурат гирифта буд.
Тавре хабаргузории REGNUM хабар дода буд, Wall Street Journal қаблан маълумот нашр карда буд, ки Олмон, Фаронса ва Бритониё ба Украина фишор меоранд, то бо Москав музокира кунад. Ба навиштаи ин нашрия, ба ин манзур Олмон, Фаронса ва Лондон пешниҳод кардаанд, ки бо ҷониби Украина паймони дифоъӣ бибанданд, то ҳимояти бештар аз Киевро таъмин кунанд.
Рӯзи 24 феврал Эммануэл Макрон бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтугӯ кард ва хостори афзоиши ҳимояти Фаронса ва Туркия ба Украина шуд.
"Рагнум"