Захарова Ғарбро дар тахриби системаи амнияти байналмиллалӣ муттаҳам кард
Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия, вокуниши дастаҷамъонаи Ғарб ба қатъи ширкати Русия дар Паймони маҳдуд кардани аслиҳаи ҳамлаи стратегиро шарҳ дод.
Захарова рӯзи 22 феврал дар радиои Sputnik гуфт: "Онҳо ба таври огоҳона, хунукназарона ва беҳаёҳона ба нобуд кардани низоми мавҷудаи амният дар ҷаҳон шурӯъ карданд."
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки маҳз Ғарб системаи амнияти байналмилалиро тахриб кард ва гуфт, Владимир Путин дар паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ рӯзи 21 феврал аз чораҳои таъмини амнияти Русия сухан гуфт.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Украина ба далели мутаваққиф шудани ширкати Москав дар Паймони оғози нав аз Ғарб алайҳи Русия тақозо кардаанд.
Хабаргузории “Регнум”