15:05:04 09-уми Майи 2025 сол

Захарова суханони садри аъзами Олмон дар бораи бохти Русияро шарҳ дод

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия дар бораи суханони садри аъзами Олмон, ки "Русия бояд мағлуб шавад", "Шолтси бадшакли модарзод" гуфт.

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 3Ёдовар мешавем, ки садри аъзами Олмон зимни суханронии худ дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос гуфта буд, ки Олмон ба қадри зарурӣ аз Украина пуштибонӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи садри аъзами Олмон, даргирии мусаллаҳона танҳо пас аз нокомии Русия поён меёбад.

Аммо вақте аз ӯ пурсида шуд, ки оё дар ояндаи наздик тонкҳои олмонии “Леопард 2” дар Украина пайдо мешаванд, садри аъзам танҳо посух дод, ки Олмон бо дӯстону шариконаш кор мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Лаҳистон, Финландия, Канада ва чанд кишвари дигар омодаанд, ки танкҳои асосии ҷангии худ “Леопард 2”-ро ба Украина диҳанд. Аммо, онҳо ин корро бе иҷозати истеҳсолкунанда - Олмон карда наметавонанд.

Вести.ру

Назари Шумо

Security code
навсозӣ