09:09:11 02-уми Июли 2025 сол

Чин сарҳадҳояшро барои сайёҳон боз мекунад

Чин пас аз ҷудошавии тӯлонӣ аз ҷаҳон, дарҳои худро ба рӯи сайёҳон боз мекунад. Аз 8 январ мақомоти кишвар баъзе маҳдудиятҳои зидди пандемияро лағв карданд.

china granitsa 552121Ҳоло, ҳангоми убур аз нуқтаҳои сарҳадии кишвар, шумо бояд танҳо санҷиши манфӣ барои COVID-19, ки 48 соат пеш аз ворид шудан гузаронида шудааст, пешниҳод кунед. Ҳамзамон, пас аз ворид шудан ба Чин ба шумо лозим нест, ки ба карантин равед. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg хабар додааст.

Ҳамчунин, мақомоти маҳаллӣ ба додани раводиди оддӣ ва иҷозаи будубоши муваққатӣ ба хориҷиён шурӯъ карданд. Хидматрасонии мусофирон дар байни Чин ва ниҳодҳои махсуси маъмурии Ҳонконг низ аз сар гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, интизори афзоиши парвозҳои байналмиллалӣ ба ин давлати осиёӣ ҳанӯз бамаврид нест.

Дар ҳамин ҳол, интиқоли мусофирон байни Приморе ва Чин аллакай барқарор шудааст.

Вести.ру

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ