09:08:22 02-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сарвазири Шветсия талабҳои Туркия дар бораи узвият дар НАТО-ро ғайри қобили амал медонад

Сарвазири Шветсия Улф Кристерсон дар конфронси "Халқ ва дифоъ" гуфт, мақомоти Туркия шартҳоеро таҳия кардаанд, ки барои шомил шудани Шветсия ба блоки НАТО ғайриимкон аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС хабар додааст.

UKRAINE-CRISIS-NATO-TURKEYБа эътиқоди ӯ, ҳарчанд Туркия таъйид мекунад, ки Шветсия ваъдаҳояшро иҷро кардааст, аммо амалҳоеро низ тақозо мекунад, ки Шветсия иҷро карда наметавонад ё намехоҳад.

Қаблан Пекка Ҳаависто, вазири умури хориҷаи Финландия гуфта буд, ки Финландия интизор дорад, то он даме, ки кишварҳои Паймони Атлантикаи Шимолӣ дархости Шветсияро барои пайвастан ба ин паймон тасвиб кунанд, мунтазир шавад.

"Финландия кӯшиш намекунад, ки ҳарчи зудтар ба НАТО шомил шавад, аз ин рӯ мо метавонем интизор шавем, ки Шветсия сигнали мувофиқро бигирад" гуфт Ҳаависто.

Тавре вазири корҳои хориҷӣ афзуд, Финляндия ва Шветсия раванди пайвастан ба НАТО-ро якҷоя анҷом медиҳанд.

Баҳори соли гузашта Шветсия ва Финландия барои пайвастан ба НАТО ариза дода буданд. То кунун аз 30 узви НАТО танҳо 28-тои онҳо дархостҳои ду кишварро ба тасвиб расондаанд. Туркия ва Маҷористон ин тарҳро тайид накарданд.

Лев Шадрин, gazeta.ru

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi