11:07:33 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНТРИГАИ ИНТИХОБОТ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

24-уми октябри соли ҷорӣ, шашумин даври интихоботи Раёсатҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. 5 соли пеш дар моҳи декабри соли 2016 дар ин даври интихобот Шавқат Мирзиёев қотеъона ҷойгузини аввалин Президенти Узбакистон Ислом Каримов интихоб шуда буд.

vibori-presidenta-uz20215 соли ҳокимияти Мирзиёев билофосила ба хотири теъдоде аз дастовардҳо дар курсии раёсатҷумҳури Ӯзбекистонро ба ёд меорем. Дар ин муддат ҷаноби Мирзиёев тавонист муносибати бародаронаашро бо ҳамсоякишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ислоҳотҳои муваффақро дар мудирияти давлатӣ ва бахши иқтисодию муборизаи густурда бо фасодро ба шоистагиҳои худ нисбат диҳад. Андаке ҳам бошад, фикр мекунем, ки аввали кор аст, дар ояндаи наздик боз аз ин дида муваффақиятҳои дигарро низ мушоҳида хоҳем кард.

Дар даврони Мирзиёев Ӯзбекистон вазъияти иқтисодии дуюмро дар Осиёи Марказӣ ва мушорикати фаъол дар раводидҳои Созмони милал, Созмони ҳамкориҳои Шонхай, СПАД ва ЕАЭС касб кард. Бинобар ин бояд бо итминон дар интихоботи баъди пирӯз шавад. Бо ин ҳол ҳама чиз ба ин содагӣ нест.

Дар ҷараёни ҳаводиси моҳи август дар Афғонистон Мирзиёев бар хилофи хости Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷойгиркунии паноҳандагони афғон мавқеи принсипиалӣ гирифт. Дар масъалаҳои амниятӣ ӯ ба ҳамкорӣ бо Русия ва дигар шарикон дар СПАД ва СҲШ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Ва Иёлоти Муттаҳида дар посух кӯшиш кард, ки ба Ӯзбекистон зарурати ҷойгиркунии пойгоҳҳои низомии худро таҳмил кунад, аммо мақомоти ин кишвар имконнопазир будани чунин сенарияро эълом карданд.

Равшан аст, ки чунин инкишофи рӯйдодҳо наметавонад ба Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони он дар НАТО, ки манфиатҳои худро дар Афғонистон доранд ва ба рад кардан одат накардаанд, писанд ояд. Аз ин рӯ, ба интихоботи президентӣ фиристодани ҳайати калони нозирони САҲА ҳайратовар нест. Дар маҷмӯъ, тақрибан 300 нафар аз ин созмон ба Ӯзбекистон омадаанд - ва ин тақрибан сеяки нозирон аст - як воситаи ҷиддии таъсир ба ҷараёни интихобот, аз ин рӯ 24 октябр барои Мирзиёев рӯзи осон нахоҳад буд.

Дар чунин шароит Президенти кунунӣ ба дастгирии шарикони Ӯзбекистон ниёз дорад. Масалан, ИДМ низ нозирони худро мефиристад ва дастгирии ҷамъиятии раҳбарони давлатҳои ҳамсоя - Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва ҶМЧ бояд ба Мирзиёев кӯмак кунад, ки бори дигар бар курсии раёсатҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шавад.

Умуман пирӯзии Мирзиёев ба манфиати ҳамаи ҳамсояҳои дар боло зикршуда аст. Ва бо назардошти нақши фаъоли ӯ дар ҳалли бӯҳрони Афғонистон ва саъй барои бунёди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, чунин натиҷа ба субот ва шукуфоии тамоми минтақа таъсири судманд мерасонад.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi