11:14:09 06-уми Июни 2025 сол

ИФТИТОҲИ ОСОРХОНАИ УСТОД ҶӮРАБЕК НАЗРӢ

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг чанд иншооти фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

1 osorkhonai-urabek-nazri 2021Муҳимтарин падидаи фарҳангии ин сафар ифтитоҳи Осорхонаи устод Ҷӯрабек Назрӣ бо ҳузури мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ Эмомалӣ Насриддин ва дигар мақомоти вилояти Хатлон буд.

2 osorkhonai-urabek-nazri 2021Осорхонаи устод дар маркази ноҳияи Ховалинг, дар як мавзеи дилрабо бо тарҳи меъмории зебо бунёд шудааст. Дар ошенаи аввал осорхона, коргоҳи дузандагӣ ва дар ошёнаи дувуми он маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхонаи шахсӣ ва маркази омӯзиши мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назрӣ ҷойгир шудаанд.

3 osorkhonai-urabek-nazri 2021Осорхона аз панҷ бахш: бахши фаъолиятҳои илмӣ, корномаи ҳунарӣ, дастовардҳои иҷтимоӣ, бахши Пешво ва бахши хонаводагӣ иборат буда, барои тарбияи насли ҷавон ва равнақи санъати сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон дар поёни маросими ифтитоҳи осорхона ёдномаи устод Ҷӯрабек Назрӣ бо номи "Менигарему меравем" ба меҳмонон ва аҳли фарҳангӣ ноҳияи Ховалинг тақдим гардид.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854