20:42:13 28-уми Октябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОҶОНСӢ: НАРХИ ЧИПТАИ РАФТУ ОМАД БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ БОЯД ТО $500 БОШАД

Яъне агар аз Душанбе ба Маскав $300 фурухта шавад, аз ҷониби дигар бояд $200 бошад. Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ мегӯяд нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия барои ҳарду самт (рафту омад) бояд ҳудуди $450-500 бошад. Дар ин бора, дар ҷавоби расмии Оҷонсӣ ба дархости “Азия-Плюс” гуфта шудааст.

saman air tajikistan 24565454545“Ин нарх барои рафту омад аст, яъне нархи чиптаи дутарафа. Масалан, агар аз Душанбе ба Маскав чипта бо нархи $300 фурӯхта шавад, аз Маскав ба Душанбе нархи чипта бояд $200 бошад”, - шарҳ дод мутахассиси оҷонсӣ.

Зикр мегардад, ки ин нархнома аз моҳи июни соли ҷорӣ тасдиқ карда шуда, поён рафтани арзиши чиптаҳо ба роҳандозии парвозҳои мунтазам рабт дорад. Ин дар ҳолест, ки то роҳандозии хатсайрҳои мунтазам ҳам нархи парвозҳои чартерӣ $500-ро ташкил медод, чун ширкатҳо фақат аз як самт бо мусофир парвоз мекарданду аз самти дигар холӣ.

Дар мактуби ҷавобии Оҷонсӣ гуфта мешавад, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия бо мактуби расмӣ тасдиқ кардаанд, ки чиптаро бо нархи на бештар аз $500 ба ҳарду самт хоҳанд фурӯхт.

“Айни замон, арзиши чипта нисбати пешин бамаротиб арзонтар буда, дар нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ нархи он ба самтҳои Федератсияи Русия 5600-5900 сомониро ба харду самт (рафту омад) ташкил медиҳад”, - омадааст дар мактуби оҷонсӣ.

Дар мактуб дар бораи паст кардани нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз ҷониби ширкати ватании “Сомон-Эйр” чизе гуфта нашудааст.

Арзон шуд, вале...

Аз рӯйи нишондоди Оҷонсӣ нархи чипта байни Тоҷикистону Русия арзон шудааст, аммо ҳамоно мусофирон аз нархи гарони чипта мегӯянд. Чанде пеш мушоҳидаи “Азия плюс” дар нуқтаҳои чиптафурӯшии пойтахт нишон дод, ки нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия барои як тараф аз 5 то 6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Чиптаи арзонро аз ширкатҳои Русия барои моҳҳои ноябр ва декабр метавон пайдо кард. Ба гуфтаи чиптафурӯшон, қисми бештари чиптаҳо барои моҳи сентябр ва нимаи авввали октябр аллакай фурухта шудаанд ва чиптаҳои боқимонда бо нархи гарон фурӯхта мешаванд.

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар мактубаш сабаби инро “аз сӯи сокинон ба барвақтӣ харидорӣ шудани чиптаҳо” маънидод кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 27 август парвозҳои мунтазам ба самти Русия оғоз шуд ва беш аз 75 парвоз дар ҳафта ба ҳарду самт анҷом дод мешавад. Он вақт Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ гуфта буд, тақрибан ҳамаи парвозҳои мунтазам ба самти Русия, ки пеш аз пандемия буд, барқарор мешаванд ва нархи чиптаҳо ба таври назаррас арзон хоҳад шуд.

Муаллиф: Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi