20:27:58 27-уми Сентябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ОЗОДӢ

Эй аҳли ҷаҳон, ҷаҳони Масъуд гузашт,

Гар ҷону дилу нури назар буд, гузашт.

Чун толеъи фархунда дар ин даҳри шукӯҳ,

Дер омада буд, ҳасрато зуд гузашт!

1 ahmadshah masod 41584Дирӯз, 10 сентябри соли 2021 дар сафорати исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, маросими «Ҳафтаи шаҳид» ёдбуди сипоҳсолор Аҳмадшоҳ Масъуд ва профессор устоди зиндаёд Бурҳониддин Раббонӣ доир гардид. Дар ин маҳфил чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву фарҳангии Афғонистону Тоҷикистон ва ҷамъе аз муҳоҷирини афғони муқими Тоҷикистон гирди ҳам ҷамъ омаданд. Иштирокдорон аз пайкору муқовимати мардуми афғон дар муқобили терроризми байналмиллалӣ, алалхусус аз Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддини Раббонӣ ёдовар шуданд.

Ҳамасола дар Афғонистону Тоҷикистон “Ҳафтаи шаҳид”-ро ба хотири гиромӣ доштани шаҳидони роҳи озодии он кишвар таҷлил мекарданд. Вале имсол бинобар ба дасти гурӯҳи террористии Толибон суқут кардани тамоми Афғонистон ин маросим дар қаламрави Афғонистон доир нагардид.

Бист сол пеш нуҳуми сентябри соли 2001 Аҳмадшоҳи Масъуд, дар як ҳамлаи интиҳорӣ аз сӯи ду арабтабори узви шабакаи “Ал-Қоида” ба шаҳодат расид.

2 ahmadshah masod 41584Устод Бурҳониддини Раббонӣ, собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон, ки ҳангоми маргаш раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буд, моҳи сентябри соли 2011 дар манзили худ кушта шуд.

Дар Тоҷикистон ҳам ба хотири эҳтироми хосса доштани Масъуду Раббонӣ дар миёни мардуми ин кишвар, сафорати Афғонистон ҳамасола маҳфили гиромидошти онҳоро баргузор мекунад.

Сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳири Ағбар, сиёсатмадори афғон Латифи Пидром ва раиси ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода баромад карда, хотироташонро аз қахрамониву ҷонфидоиҳои Аҳмадшоҳ Масъуду Бурҳониддин Раббонӣ ва дигар шуҳадои роҳи истиқлолият ва озодӣ иброз карданд.

3 ahmadshah masod 41584Ҳамчунин дар ин маҳфил аз созмонҳо ва давлатҳои ҷаҳон тақозо шуд, ки ҳукумати террористии Толибонро ба расмият нашиносанд ва аз ҷабҳаи муқовимат бо сардории Аҳмад Масъуд пуштибонӣ намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҷашни 30 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзи 9 –уми сентябр рост меояд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодон Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои саҳми бузургашон дар сулҳу осоиштагии Тоҷикистони азиз, санаи 6-уми сентябри соли 2021 бо мукофоти олии кишвар, ордени Исмоили Сомонӣ» дарачаи I қадршиносӣ гаштанд, ки ин амал боиси сарфарозии тамоми мардуми порситабор ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ гардид.

PS: Шаби пеш аз марг Масъуд бо дӯсти овони ҷавонияш Масъуди Халилӣ, фарзанди устод Халилуллоҳи Халилӣ, ки бо даъвати сипаҳсолор дар деҳаи Хоҷа Баҳоуддин меҳмони ӯ шуда буд, маҳфили шеър орост. Чун Масъуди Халилӣ ровии хуб аст, Масъуд аз ӯ хост то ин ғазали Ҳофизро ба такрор замзама намояд:

Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам,

Хушо даме, ки аз он чеҳра парда барфиганам.

Чунин қафас на сазои чу ман хушилҳонест,

Равам ба гулшани ризвон, ки мурғи он чаманам…

Рӯҳатон шоду ҷоятон гулшану чамани Ризвон бошад, устоди шаҳид Бурҳониддини Рабонӣ ва шаҳиди зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi