ИБРОҲИМ НАСРИДДИНОВ БОЗДОШТ ШУД
Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар яке аз маҳаллоти ҳаволии шаҳри Душанбе Иброҳим Насриддинов, яке аз 25 маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти ин кишварро боздошт кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон оқои Насриддиновро, ки зиндонии собиқи Гуонтономуст, аз мубтакирони аслии фирори зиндониён аз боздошгоҳи кумитаи амният дар шаби 22-23 август муъаррифӣ карда буданд.
Манобеъи пулиси Тоҷикистон хабар доданд, ки ин зиндонии фирорӣ субҳи рӯзи панҷшанбеи 2 сентябр дар ҷараёни як амалиёти вижа боздошт шудааст. Маълум нест, ки афроди дигаре ҳам боздошт шудаанд ё хайр. Ахиран манобеъи умури зиндонҳои Тоҷикистон хабар дода буданд, ки Иброҳим Насриддинов, яке аз мубтакирони фирори зиндониён, ки бо лақаби "Қорӣ Иброҳим" маъруф аст, ба сурати машкук дар боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ қарор дошт.
Он гуна, ки Парвин Ализода, сухангӯйи раёсати умури зиндонҳои Тоҷикистон, ба расонаҳо гуфт, ин зиндонии собиқи Гуонтоному мебоист дар зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа давраи маҳкумияташро сипарӣ кунад. Додгоҳи олии Тоҷикистон Иброҳим Насриддиновро баъд аз таҳвил ба ин кишвар дар соли 2007 барои 23 сол ба зиндон маҳкум карда буд,
Вале Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сабабҳои номаълум тасмим гирифтааст оқои Насриддиновро дар боздоштгоҳи амниятӣ нигаҳ дорад. Ба гуфтаи сухангӯйи раёсати умури зиндонҳо, оқои Насриддинов дар ин боздоштгоҳ аз "имтиёзоте" бархӯрдор будааст. Аз ҷумла, вай дар бинои боздоштгоҳ шабу рӯз ба таври озодона гаштугузор мекард ва ҳамчунин вазифаи "маъмури бахши хоҷагӣ"-ро низ ба ӯҳда доштааст.
Боздошти ин зиндонии фирорӣ дуруст ҳамон рӯзе сурат гирифта, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, ва чанде аз мақомҳои дигари ин кумиттаро барканор кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3029-2010-09-02-07-42-58.html
Шарҳҳо
RSS Обуна