23:07:08 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Диловар Қодирзода: «Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамкориро бо дигар марказҳои таҳлилии ҷаҳон тақвият бахшидааст»

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бо марказҳои таҳлилии Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва марказҳои стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша ҳамкории самарабахш ба роҳ мондааст. Ин нуктаро Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иброз намуд.

dilovar qodirzoda 568978455Таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳое мебошанд, ки соли равон аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва тадқиқ гардидаанд.

Ба таъкиди Диловар Қодирзода, дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ беш аз 40 пешниҳод, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию-таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои марбута омодаю ирсол намуданд.

Ҳамзамон дар ин давра роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз муассисаҳои таҳлилӣ ва машваратии мамлакат бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ, такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi