17:14:36 02-уми Июни 2025 сол

Раиси шаҳри Хуҷанд аз «Корвони китоб»-и "Адиб" 460 адад китоб харидааст

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди шиносоӣ бо китобҳои “Корвони китоб”-и нашриёти “Адиб” 460 адад китобро ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ба масъулини дахлдор дастур додааст, ки онро ба хазинаи китобхонаи шаҳрӣ ва муассисаҳои соҳаи фарҳангу маориф тақдим намоянд.

nashriyoti-adib_3255Ахиран нашриёти “Адиб” даст ба иқдоме зад, ки бо “Корвони китоб” ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуд ва сокинонро ба харидани китобҳои ин чопхонаи маъруф ташвиқ намуд. “Адиб” бозори китобашро аз шаҳри Душанбе оғоз кард, баъдан ба вилояти Хатлону навоҳии водии Қаротегин рафт. Ин шабу рӯз ин корвон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд гузар мекунад ва бино ба иттилои расида субҳи рӯзи 13-уми июл дар назди Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсули "Корвони китоб" баргузор шуд, ки аз он Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода боздид ба амал овард.

Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури роҳбарияти муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», шоиру нависандагон ва дӯстдорони китоб гуфтааст, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд. Зеро халқи мо аз даврони қадим китобро ҳамчун сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсӯҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд.

Шаҳрдор иброз доштааст, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати китоб дар ҷомеаи имрӯзаи мо хеле боло рафтааст. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз намунаи чунин сиёсати хирадмандона мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди шиносоӣ аз анвои гуногуни китобҳо ба миқдори 460 адад китобро ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ба масъулини дахлдор дастур дод, ки онро ба хазинаи китобхонаи шаҳрӣ ва муассисаҳои соҳаи фарҳангу маориф тақдим намоянд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854