05:22:27 01-уми Июли 2025 сол

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои МҲТБО ба Тоҷикистон омад

Шоми дирӯз Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Hasani-Ruhoni-88542542Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

15 июн Ҳасани Руҳонӣ дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ