02:51:02 23-уми Октябри 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон

Нимаи дуюми рӯзи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

3 namoishgoh 9856548745Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ кард. Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Асосан ширкатҳои ҷумҳурии ҳамсоя 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, чарм, мебел, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маиширо ба маъраз гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳачми гардиши молу байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарони давлатҳо баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг”-ро ифтитоҳ намуданд.

Маросими ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” тавассути гузориши телевизионӣ мустақиман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон инъикос гардид.

Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад.

Баъди солҳои тулонии баста будани қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг” роҳи пайвасткунандаи қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз бо шарофати сисёсати неку хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ифтитоҳ гардид. Имрӯзҳо мардумони мо ба марҳилаи нав муносибатҳои некбинона байни ду кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.

Ҳаракати қатораҳо дар гузаргоҳи байнидавлатии “Ғалаба-Амузанг” ифодакунандаи воқеии заҳматҳои тулонӣ ва пайвастаи Сарони давлатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебошад.

Ин иқдоми хирадмандонаи Сарони ҳарду кишвар ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику ӯзбек, афзун гардидани гардиши молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ мегузорад.

Тоҷикистону Ӯзбекистонро таърихан муносибатҳои неку дӯстонаи чандинасра ба ҳам мепайванданд ва ин дар оянда бояд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пайваста идома ёфта, мувофиқи имкониятҳо бо манфиати ҳарду кишвар ривоҷу равнақ ёбад.

Дар баробари ин айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон корхонаҳои азими истеҳсолӣ аз қабили коргоҳҳои сементбарорӣ, варақаҳои гаҷӣ, коркарди нафт, креолит, нуриҳои минералӣ, корхонаҳои коркарди намаки ошӣ ва ғайра сохта шудаанд ва тибқи дурнамо дар солҳои наздик афзоиши боркашонӣ дар ин минтақа то 5 млн. тонна солона пешбинӣ мешавад, ки ин гувоҳи ояндаи нек ва рушди соҳа мебошад.

http://www.president.tj/

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1