23:06:35 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба шаҳри Москва омаданд.

janobon-6589122554Мубодилаи афкори озоди сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаро гирифт.

Дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо дар фазои ҳусни эътимод вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоюлҳои нигаронкунандаи соли 2017-ро дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохӯриро ба яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ - ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон ҷалб намуданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибдори тақвияти минбаъдаи ҳамдастӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ мебошад.

Бо ишора ба вазифаҳои дарпешистодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти асосии Консепсияи дар соли 2018 дар он раисӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ доданд. Масъалаҳои вобаста ба таъмини амният дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳод, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳое, ки дар чорчӯби Иттиҳод ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин пешбурди робитаҳои гуманитарӣ ба ҳайси самтҳои афзалиятноки раисии Тоҷикистон дар ИДМ муайян карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори итминон карданд, ки дар соли оянда рушди ҳамкориҳо дар чорчӯби Иттиҳод идомаи созанда хоҳад ёфт ва ба ҳамтоёни худ дар соли нав саодату рифоҳ ва комёбиҳои навин дар татбиқи нақшаҳои муайянкардаашон орзу намуд.

http://www.president.tj/node/16784

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi