00:04:42 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАР МАРКАЗИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АРЧАИ АСОСИИ СОЛИНАВИИ МАМЛАКАТ УСТУВОР КАРДА ШУД

Душанбегиҳо соли нави мелодиро бо барномаҳои фарҳангӣ ва мушакпаронӣ ҷашн мегиранд.

DSC 0273

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маркази майдони «Дӯстӣ», дар рӯ ба рӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат афрохт. Дар назар аст, ки то 10 декабр ороиши пурраи он ба анҷом расад. Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» айни ҳол ба ороиши ин арчаи идона машғул ҳастанд.

Тавре  муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  Шарофиддин  Талабов ба мо хабар дод, арчаи солинавӣ бо муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб гардидаанд. Ин арчаи идона  аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ фарқ хоҳад кард. Хусусан шабона бо фурӯзон гардидани чароғакҳои рангаи он арчаи солинавӣ боз ҳам диққатҷалбкунанда мегардад. Корҳои орошии арчаи идона ҳанӯз ба анҷом нарасида бошанд ҳам, сокинону меҳмонони пойтахт аз назди он бетавофут гузашта наметавонанд. Онҳо тавассути телефонҳои мобилӣ арчаи солинавиро бо шавқ аксбардорӣ мекунанд.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки барои бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ дар дигар гӯшаву канори  пойтахт, аз ҷумла, дар Боғи «Дӯстии халқҳо» ва назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  низ арчаҳои идона гузошта мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади таҷлили Соли нави мелодии 2018 дар пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.

DSC 0275

Санъаткорону ҳунармандон бо суруду таронаҳои нав баромад намуда, баъди анҷоми ин барномаи фароғатӣ, баробари фарорасии соли нав мушакпаронӣ ҳам дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки ҷашни Соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон  онро таҷлил менамоянд. Он аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум–Юлий Сезар якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд.

Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад. Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ то ҳоло якуми январ ҳамчун   оғози соли нави мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi