20:05:35 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Симин Беҳбаҳонӣ, ғазалсарои машҳур даргузашт

Симин Беҳбаҳонӣ, ғазалсаро ва нависандаи машҳури форсигӯ, ки рӯзҳои гузашта бинобар бад шудани саломатиаш дар бемористон бистарӣ шуда буд, бомдоди рӯзи сешанбе даргузашт. Хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломӣ, ИРНА хабари даргузашти Симин Беҳбаҳониро аз қавли яке аз масъулони бемористон "Порс"-и Теҳрон,ҷое ки ин шоираи шаҳир дар он бистарӣ буд, таъйид кардааст.

simini-behbahoni-568989Сабаби бистарӣ шудани ин ғазалсаро ва шоири шаҳири шеъри форсӣ, мушкилоти қалбӣ ва нафаскашӣ гуфта шудааст. Пештар Алӣ Беҳбаҳонӣ, писари Симин Беҳбаҳонӣ низ гуфта буд, бемории ин шоир, қалбӣ мебошад. Симин Беҳбаҳонӣ аз шомгоҳи рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористон ба сар мебурд ва вуруди аёдаткунандагон мамнуъ шуда буд.

Алӣ Беҳбаҳонӣ ба хабаргузории ИСНА гуфтааст, "ҳоли модарам дирӯз аср андаке беҳтар шуда буд ва мо фикр мекардем ӯ мутаваҷҷеҳи иттифоқоти атрофаш аст. Аммо мутаассифона мисли шӯълаи шамъ, ки боло мегирад ва баъд хомӯш мешавад, соати яки бомдод аз бемористон хабар доданд, ки даргузаштааст. Ба гуфтаи оқои Беҳбаҳонӣ, онҳо дар ҳоли тасмимгирӣ барои интихоби маҳали оромгоҳҳастанд.

Симин Беҳбаҳонӣ 19 июли соли 1927 дар  шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Падар ва модари ӯҳар ду шоир буданд. Номи хонаводагии ӯ аз сӯи падар Халилӣ буд. Худ солҳо ба кори омӯзгорӣ машғул буд. Аз аъзои Шӯрои шеър ва мусиқӣ ва Конуни нависандагони Эрон буд. Аз ӯ беш аз 20 девони шеър мунташир шуда ва хонум Беҳбаҳонӣ барандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ низ шудааст.

Аз осори ӯ метавон ба "Се тори шикаста", "Дар бораи ҳунар ва адабиёт", "Растохез", "Шеъри замони мо"  ишора кард. Ин ғазалсарои шаҳири шеъри форсӣ даҳҳо вазни тоза дар ғазали форсӣ навоварӣ намуда ва ба унвони яке аз навоварони ин сабки классикӣ ёд мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi